Як ширкати Чин кори КМ «ТоҷикАзот»-ро барқарор карданист

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Роҳбари ширкати сармоягузории “Тунг”-и Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷаноби Сун-Вэй-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни суҳбат раиси вилоят оиди ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои Чинӣ миннатдорӣ намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда,  оид ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, саноати сабук ва доир ба ворид намудани техналогияи муосир […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Роҳбари ширкати сармоягузории “Тунг”-и Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷаноби Сун-Вэй-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни суҳбат раиси вилоят оиди ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои Чинӣ миннатдорӣ намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда,  оид ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, саноати сабук ва доир ба ворид намудани техналогияи муосир барои эҳёи корхонаи “Нӯриҳои Азоти Вахш” (Тоҷиказот) пешниҳодҳои ҷолиб кард.

Сун Вэй изҳор доштааст, ки «маҳз ба нияти эҳёи корхонаи “Нӯриҳои Азоти Вахш” ба вилояти Шумо ташриф овардам. Мақсаду мароми мо кӯмак намудан ба кишоварзони Тоҷикистон аст. Дар ҳолати ба мувофиқа расидан, мо метавонем дар давоми як сол маҳсулоти кимиёвӣ, аз қабили нӯриҳои минералӣ, ки барои рушди хоҷагии қишлоқ зарур аст, истеҳсол намоем».

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бар он андеша аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошта шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳамбастагӣ бо масъулин оиди ҳалли масоили мубрами рӯз ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ ба фонди оинномавӣ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро пардохтааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидани саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар Душанбе масраф шуданд, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод Фирташро ба он муттаҳам медонад, ки ширкати ӯ дар фурӯши таҷҳизот барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ иштирок карда, аммо ҷониби Тоҷикистон, ки дорои 25%-и саҳмияҳои корхона аст, дар бораи фурӯш огаҳ карда нашуда, аз муомилоти анҷомёфта ҷуброн нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати Group DF, ки дороиҳои соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташро муттаҳид ва идора мекунад, рӯзи 28-уми апрели соли 2014 дар робита ба даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот»

изҳорот интишор намуд.

Дмитрий Фирташ ба чоргонаи доротарин шахсони Украина шомил буда, 12-уми марти соли 2012 бо дархости Бюрои федералии тафтишот (ФБР) дар шаҳри Вена боздошт ва баъдан бо гаравпулӣ озод карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.