«Шаҳри бехатар» ронандагони гурезаро ошкор кард

Рӯзи 16 августи соли 2015 тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ду ҳолати зер кардани пиёдагардҳо аз ҷониби ронандагони воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки ронандагон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Дар гузаргоҳи пиёдагарди чорроҳаи Н.Қарабоев-Абай соати […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16 августи соли 2015 тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ду ҳолати зер кардани пиёдагардҳо аз ҷониби ронандагони воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки ронандагон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Дар гузаргоҳи пиёдагарди чорроҳаи Н.Қарабоев-Абай соати 08:42 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» рақами давлатиаш 75-31 DD01 пиёдагард, зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳамин тариқ, дар чорроҳаи Н.Қарабоев-Шестопалов соати 23:34 дақиқа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш 99-52 СВ 01 пиёдагард, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Пиёдагарди дуюм, зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Сабти наворҳо оиди ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ барои чораҷӯӣ ба бахшҳои дахлдори ШБДА РВКД шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандагони воситаҳои нақлиёти аз ҷойи ҳодисаи садамаи нақлиётӣ фироркардаро муайян ва дастгир намуданд. Инҳо, марди 26-солаи сокини ш. Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» ва марди 25-солаи сокини ш. Душанбе, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» будаанд, ки айни ҳол нисбати гумонбаршудагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.     

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.