Раиси ҲНИТ дар кори анҷумани моҳи сентябри ҳизб иштирок намекунад

Раиси амалкунандаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар кори анҷумани навбатии 12-уми ҳизб, ки рӯзи 15 сентябр баргузор мешавад, иштирок намекунад. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ба вакилон тариқи намоиши он-лайн аз Истамбул дар бораи фаъолияташ ба сифати раиси ҳизб муддати 4 соли ахир […]

ASIA-Plus



Раиси амалкунандаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар кори анҷумани навбатии 12-уми ҳизб, ки

рӯзи 15 сентябр баргузор мешавад,

иштирок намекунад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ба вакилон тариқи намоиши он-лайн аз Истамбул дар бораи фаъолияташ ба сифати раиси ҳизб муддати 4 соли ахир ҳисобот хоҳад дод.

«Анҷуман дар Душанбе доир гардида, айни замон масъалаҳои марбут ба муайян кардани ҷойи баргузорӣ ва шумори вакилон дар он мавриди ҳаллу фасл қарор доранд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷуман ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, ҳайати нави Шӯрои олии сиёсӣ, раиси ҳизб ва муовинони ӯ интихоб карда мешаванд.

Мутобиқи оинномаи ҳизб муддати ҳар чор сол раиси ҳизб интихоб карда мешавад, вале дар ҳамин ҳол, регламенти чанд маротиба довталабӣ кардани як номзад ба ин мансаб вуҷуд надорад.

Ёдрас мекунем, ки баъд аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор гардида, аллакай муддати беш аз 5 моҳ аст, ки асосан дар Туркия иқомат дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.