СММ афзоиши босуръати аҳолии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид қариб 2,2 баробар афзудани шумори аҳолии Тоҷикистон то соли 2100-ро пешгӯӣ мекунанд. Дар гузориши нави СММ дар бораи дурнамои афзоиши аҳолӣ дар саросари ҷаҳон ( World population prospects ) дар ин робита зикр мегардад, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 482 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки қариб 35%-ашон наврасони […]

ASIA-Plus



Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид қариб 2,2 баробар афзудани шумори аҳолии Тоҷикистон то соли 2100-ро пешгӯӣ мекунанд.

Дар гузориши нави СММ дар бораи дурнамои афзоиши аҳолӣ дар саросари ҷаҳон (

World population prospects

) дар ин робита зикр мегардад, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 482 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки қариб 35%-ашон наврасони синни то 14-сола мебошанд.

Гуфта мешавад, соли 1950 шумори аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1 млн. 532 ҳазор нафар баробар буд. Таҳлилгарони СММ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2030 шумори аҳолии Тоҷикистон то 11,2 млн. нафар, соли 2050 – то 14,2 млн. нафар ва соли 2100 – то 18,5 млн. нафар зиёд мешавад.

Дар ҳамин ҳол, шумори наврасони синни то 14-сола дар соли 20150 то 27% ва то соли 2100 – то 18% коҳиш ёфта, шумори нафарони аз 60-сола боло меафзояд. Агар соли 2015 шумори нафарони синни аз 60-сола боло ҳамагӣ 5% аз шумори умумии аҳолиро ташкил диҳад, пас дар соли 2050 ин нишондиҳанда то 13,2% ва то соли 2100 то 25% зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти гузориши мазкур, то соли 2050 шумори аҳолии саросари ҷаҳон беш аз 2 млн. нафар афзуда, то ба 11,2 млрд. нафар мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.