Боздошти наврасон ба гумони барафрохтани парчами ДИИШ дар Шаҳритӯс

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар барафрохтани парчами сиёҳи «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) дар маркази маъмурии ноҳияи Шаҳритӯс чанде аз сокинони ин ноҳия боздошт шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс дар ин робита хабар дод, боздоштшудагон зодагони деҳаи Ленинобод буда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар он […]

Сайраҳмон Назриев



Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар барафрохтани парчами сиёҳи «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) дар маркази маъмурии ноҳияи Шаҳритӯс чанде аз сокинони ин ноҳия боздошт шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс дар ин робита хабар дод, боздоштшудагон зодагони деҳаи Ленинобод буда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар он ҷо машғули таҳқиқи ҳодиса мебошанд.

«Боздоштшудагон наврасон буда, айни замон мақомот онҳоро бозпурсӣ мекунанд. Чанде аз наврасони маркази маъмурии ноҳия низ ба даст доштан дар ин кор гумонбар дониста мешаванд. Аммо алҳол мушаххасан дар бораи маҳз бо кадом мақсад барафрохтани матоъи сиёҳ чизе гуфта наметавонем. Ҳамааш мавриди таҳқиқ қарор дорад ва баъди анҷоми ин корҳо метавон дар бораи ҷузъиёти ин қазия сухан гуфт», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл овозаҳое пайдо шуданд, ки дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс парчами ДИИШ барафрохта шудааст, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он замон ин маълумотро тасдиқ накарда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидони мактабхонҳои пойтахт аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.