Коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ба андозаи 20%

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. 426,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи қариб 20% ё худ 589,5 млн. доллари ИМА камтар аст. Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби 25% коҳиши воридоти маҳсулот кам шуд. Бино ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. 426,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи қариб 20% ё худ 589,5 млн. доллари ИМА камтар аст. Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби 25% коҳиши воридоти маҳсулот кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 1,9 млрд. доллари ИМА маҳсулот ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 621 млн. доллари ИМА камтар аст.

Гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар навбати аввал ба кам шудани савдо бо Чин (21%), Қазоқистон (13,8%) ва Русия (8,6%) вобаста аст, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд.

Тавозуни савдои Тоҷикистон дар ин давра манфӣ ва 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи содирот 560 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2014 ба миқдори 32 млн. доллари ИМА ё худ 6,1% зиёдтар аст.

Дар ин давра шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон – Русия (628 млн. $), Қазоқистон (405 млн. $), Чин (342 млн. $), Швейтсария (209 млн. $), Туркия (207 млн. $), Ямайка (155 млн. $) ва Эрон (106 млн. $) маҳсуб меёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.