Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи беш аз 1 млрд. $ тӯли 7 моҳи соли равон

Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 6,3 млрд. сомонӣ (беш аз 1 млрд. доллари ИМА тибқи қурби ҳозира) маҳсулот истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 13,4% зиёдтар аст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 6,3 млрд. сомонӣ (беш аз 1 млрд. доллари ИМА тибқи қурби ҳозира) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 13,4% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор «ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои саноати дӯзандагиу бофандагӣ, истеҳсоли пӯст ва маснӯот аз он, истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё,  маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши металлургия ва маснӯоти тайёр аз металл, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд».

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим давоми моҳҳои январ-июли соли 2015 дар 47 номгӯи он (52,2%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 30 номгӯй (33,3%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи (14,4%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми саноати истихроҷ аз ҳисоби истеҳсоли ангиштсанг – 18,3%, ангишти тира – 5,5%, нафт – 2,8%, газ – 1,6 баробар, маводи ғайримаъданӣ – 28,1% афзудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли бензин (23%), сӯзишвории дизелӣ (41%), мазут (43%) ва битум (42,2) кам шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.