Ду соли зиндон ба журналисти «Фараж» барои сохтакории ҳуҷҷатҳо



Рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулумуродзод имрӯз барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Журналист мутобиқи моддаи 340-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) мавриди муҷозот қарор гирифт.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гулмуродзодаро дар сохтакории шаҳодатномаи таваллуди худ ва мутаносибан шиносномаи дохилии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуд.

Ғайр аз ин, дар суд ӯро ҳамчунин ба он айбдор донистанд, ки бо истифода аз ин шиноснома Гулмуродзода ба вайронкунии қонунҳо, аз ҷумла ҳангоми ба кор даромадан ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Суд ҳамаи ҳуҷҷатҳои бо пешниҳоди ин шиноснома гирифташуда – диплом дар бораи маълумоти олӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, санад дар бораи хариду фурӯши амволи ғайриманқул ва ғайраро аз эътибор соқит кард.

Дар мурофиа қайд шуд, ки дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ бо шаҳодатнома таҳти рақами 208 бо номи Аминҷон Гулмуродзода шахс ба қайд гирифта нашуда, шаҳрванд И.З. сабти ном шудааст.

Аммо ҷониби ҳимоя ба суд далелеро пешниҳод намуд, ки гӯё мутобиқи ин ҳуҷҷатҳо шаҳрванд И.З. дар таваллудхонаи №3-юм 5 апрели соли 1982 ба дунё омадааст ва ин ҳам  дар ҳолест, ки таваллудхона танҳо 24 июли соли 1985 ба кор даромадааст ва чунин аст, ки ҳуҷҷати шаҳрванд И.З. низ сохтакоришуда аст. Ин далели аз ҷониби ҳимоя пешниҳодшударо суд ба инобат нагирифт.

spot_imgspot_img

Популярное