Барои роҳхат ба Олимпиада Дилшод Назаров 10 ҳазор сомонӣ мегирад

Варзишгарони тоҷик, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат мегиранд, бо мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ сарфароз хоҳанд шуд. Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар як  мулоқот бо хабарнигорони варзишии кишвар хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай […]

ASIA-Plus



Варзишгарони тоҷик, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат мегиранд, бо мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ сарфароз хоҳанд шуд. Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар як  мулоқот бо хабарнигорони варзишии кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай афзудааст, “ин маблағ аз ҳисоби сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ғаюр”, ки раҳбари он Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мебошад, пардохт карда мешавад”. 

Бояд тазаккур дод Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ, инчунин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF ва ғайра мубориза мебаранд.

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, ба ҷуз Дилшод Назаров, 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 мушарраф шудаанд.

“Мо умедворем, ки варзишгарони номдори тоҷик, ба мисли муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Искандари Рустам, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ба гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мушарраф мешаванд”, – иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ёдовар мешавем, мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки 1 августи соли равон ба тасвиб расидааст, барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, бо амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шуда буд. Вале мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон танҳо як медал ба даст овард. Ба Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпӣ, 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулии президенти Тоҷикистон супурда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.