Ду соли зиндон ба журналисти «Фараж» барои сохтакории ҳуҷҷатҳо

Рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулумуродзод имрӯз барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Журналист мутобиқи моддаи 340-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) мавриди муҷозот қарор гирифт. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гулмуродзодаро дар […]

ASIA-Plus



Рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулумуродзод имрӯз барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Журналист мутобиқи моддаи 340-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) мавриди муҷозот қарор гирифт.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гулмуродзодаро дар сохтакории шаҳодатномаи таваллуди худ ва мутаносибан шиносномаи дохилии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуд.

Ғайр аз ин, дар суд ӯро ҳамчунин ба он айбдор донистанд, ки бо истифода аз ин шиноснома Гулмуродзода ба вайронкунии қонунҳо, аз ҷумла ҳангоми ба кор даромадан ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Суд ҳамаи ҳуҷҷатҳои бо пешниҳоди ин шиноснома гирифташуда – диплом дар бораи маълумоти олӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, санад дар бораи хариду фурӯши амволи ғайриманқул ва ғайраро аз эътибор соқит кард.

Дар мурофиа қайд шуд, ки дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ бо шаҳодатнома таҳти рақами 208 бо номи Аминҷон Гулмуродзода шахс ба қайд гирифта нашуда, шаҳрванд И.З. сабти ном шудааст.

Аммо ҷониби ҳимоя ба суд далелеро пешниҳод намуд, ки гӯё мутобиқи ин ҳуҷҷатҳо шаҳрванд И.З. дар таваллудхонаи №3-юм 5 апрели соли 1982 ба дунё омадааст ва ин ҳам  дар ҳолест, ки таваллудхона танҳо 24 июли соли 1985 ба кор даромадааст ва чунин аст, ки ҳуҷҷати шаҳрванд И.З. низ сохтакоришуда аст. Ин далели аз ҷониби ҳимоя пешниҳодшударо суд ба инобат нагирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.