Тоҷикистону Туркманистон ният доранд, ки минбаъд шумори квотаҳои президентӣ барои донишҷӯён ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии ҳарду кишварро зиёд кунанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ашхобод чунин пешниҳодро ироа дошта, он аз ҷониби президенти Турманистон дастгирӣ ёфт.
Гуфта мешавад, минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард.
Зимнан зикр мегардад, ки ғайр аз ин, ояндаи наздик масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматии ҳарду кишвар низ ҳалли худро меёбад.



