Афзоиши шумори донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Туркманистон

Тоҷикистону Туркманистон ният доранд, ки минбаъд шумори квотаҳои президентӣ барои донишҷӯён ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии ҳарду кишварро зиёд кунанд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ашхобод чунин пешниҳодро ироа дошта, он аз ҷониби президенти Турманистон дастгирӣ ёфт. Гуфта мешавад, минбаъд донишҷӯёни тоҷик […]

ASIA-Plus



Тоҷикистону Туркманистон ният доранд, ки минбаъд шумори квотаҳои президентӣ барои донишҷӯён ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии ҳарду кишварро зиёд кунанд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ашхобод чунин пешниҳодро ироа дошта, он аз ҷониби президенти Турманистон дастгирӣ ёфт.

Гуфта мешавад, минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард.

Зимнан зикр мегардад, ки ғайр аз ин, ояндаи наздик масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматии ҳарду кишвар низ ҳалли худро меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.