Мусоидати ИМА ба сафари омӯзишии кормандони ВКД Тоҷикистон ба ин кишвар

Ҳукумати  Иёлоти Муттаҳида сафари омӯзишии панҷрӯзаро дар ИМА барои ҳафт нафар иштирокчиён аз қабили ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд.  Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳайати мазкурро сардори шӯъбаи ҳифзи бехатарии ҷамъиятии ВКД, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва сардорони шӯъбаҳои милитсияи минтақавӣ ва ноҳиявӣ муаррифӣ намуданд.  Омӯзиши […]

ASIA-Plus



Ҳукумати  Иёлоти Муттаҳида сафари омӯзишии панҷрӯзаро дар ИМА барои ҳафт нафар иштирокчиён аз қабили ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд. 

Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳайати мазкурро сардори шӯъбаи ҳифзи бехатарии ҷамъиятии ВКД, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва сардорони шӯъбаҳои милитсияи минтақавӣ ва ноҳиявӣ муаррифӣ намуданд.  Омӯзиши мазкур, ки сафари иштирокчиёнро ба шаҳрҳои Вашингтон, округи Колумбия ва Бостони иёлоти Массачусетс дар бар гирифт буд, ба Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш аз усулҳои анъанавии ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба усулҳои пешгирикунанда, ки ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард.  Ҳангоми сафарашон дар ИМА, иштирокчиён дар бораи нишон додани вокуниш нисбат ба зуроварӣ дар оила, ифротгароии хушунатомез ва радикализатсия, ва баробарҳуқуқии ҷинсӣ дар рафти ба кор қабул кардани шаҳрвандон дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дастури муносиб гирифтанд.

Дар Вашингтон ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони расмӣ аз Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи муҳориба бар зидди терроризм (CT), Вазорати адлияи ИМА, Вазорати бехатарии миллии ИМА, Дафтари полиси минтақавии Чарлз ва академияи агентии федералии тафтишотӣ вохӯрданд.  Роҳбарони милитсияи Тоҷикистон роҳҳои нави мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез ва густариш додани ҷомеаи устуворро мушоҳида намуда, стратегияи миллӣ оид ба коҳиш додани зӯроварӣ дар оиларо аз худ намуданд.  Ҳангоми вохӯрӣ бо муовини ёвари Котиби давлатӣ Ҷеймс Волш, иштирокчиён миннатдории худро ба ҳукумати ИМА барои дастгирӣ иброз намуда, муваззаф шуданд, ки донишу малака ва таҷрибаи аз худ кардаро ба нафъи фаъолияти милитсияи Тоҷикистон истифода намоянд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои адлияи Тоҷикистонро дар оянда низ дастгирӣ намуда, ҳамкории худро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он идома хоҳад дод.  Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.