Э.Раҳмон роҳандозии хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Ашхободро пешниҳод кард

– Тоҷикистону Туркманистонро барои афзоиши табодули молии мавҷудаи  дуҷониба ва такмили сохтори номгӯи молҳо зарур аст, ки ҳамкории дуҷонибаро дар чанд самт фаъол карда, таҳким бахшанд, – изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. «Ташкили корхонаҳои муштарак, ифтитоҳи марказҳои савдо, ҳамкориҳои боз ҳам наздиктар дар соҳаи нақлиёт, […]

ASIA-Plus



– Тоҷикистону Туркманистонро барои афзоиши табодули молии мавҷудаи  дуҷониба ва такмили сохтори номгӯи молҳо зарур аст, ки ҳамкории дуҷонибаро дар чанд самт фаъол карда, таҳким бахшанд, – изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.

«Ташкили корхонаҳои муштарак, ифтитоҳи марказҳои савдо, ҳамкориҳои боз ҳам наздиктар дар соҳаи нақлиёт, содагардонии сафарҳои доираҳои соҳибкорӣ ва дастгирии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар низоми фаъол дар назар аст», – иброз дошт президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки умуман, Тоҷикистону Туркманистон бояд муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки барои густариши робитаҳо дар дигар самтҳо шароит фароҳам меоранд, босуръат рушд диҳанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон қайд кард, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ҳарду кишвар тақрибан аз ҳафтод ҳуҷҷат иборат аст. «Ин шартномаҳо хушсифат таҳия шудаанд. Татбиқи мунтазами созишномаҳои бамувофиқарасида ва иҷрои санадҳои байнидавлатии баимзорасида ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мо такони ҷиддӣ хоҳанд дод», – таъкид дошт ӯ.

Бо қайди рушди босуръати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон, Э.Раҳмон таъкид дошт, ки ташкили инфрасохтори нақлиётию транзитӣ ба ҳавасмандии рушди соҳаҳои гуногун имкон фароҳам меорад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷониби Тоҷикистон вобаста ба сода кардани рафтуомади мусофирон ва интиқоли бори худ тавассути қаламрави Туркманистон хоҳиши худро тасдиқ кард. «Мо боварӣ дорем, ки ба роҳ мондани хизматрасонии ҳавоӣ ва роҳи оҳани байни пойтахтҳоямон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар омили пуриқтидор хоҳад гардид», – изҳори итминон кард президент.

Қобили зикр аст, ки тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон зимни мулоқоти хосса ва музокироти расмии ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар Ашхобод, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашхобод бояд хатсайри мустақими ҳавоӣ боз гардад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон беш аз 65 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11% бештар аст. Беш аз 63 млн. доллари ИМА аз ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни кишварҳо ба воридоти маҳсулот аз Турмканистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.