Имзои чор санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб, ки имрӯз дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Туркманистон баргузор шуд, чор санади нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари […]

ASIA-Plus



Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб, ки имрӯз дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Туркманистон баргузор шуд, чор санади нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, тавофуқоти зиёд ҳосил гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокирот Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ; Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон; Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ва Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017 ба имзо расид.

Ҳамчунин Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ ба имзо расид.

Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ муроҷиат карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки кунун муносиботи ду кишварро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони “Бетарафии доимии Туркманистон” ташриф биёрад.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Гурбонгулӣ Бердимущаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳарду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.