Шаҳрдории пойтахт барои маркази бузурги савдо директор меҷӯяд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази савдои «Пойтахт-90» озмун эълон карда шуд. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, озмун давоми як моҳ – аз 20 август то 20 сентябр гузаронида шуда, на дертар аз 24 сентябр аз он натиҷагирӣ мешавад. Ёдрас мекунем, ки […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази савдои «Пойтахт-90» озмун эълон карда шуд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, озмун давоми як моҳ – аз 20 август то 20 сентябр гузаронида шуда, на дертар аз 24 сентябр аз он натиҷагирӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки

маросими расмии ифтитоҳи маркази савдои «Пойтахт-90»

дар шаҳри Душанбе рӯзи 5 сентябри соли 2014 бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бинои марказ  аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот, ки муддати 22 моҳ қомат афрохт, 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.