Бо кумаки қарзи Чин БМТ вобастагӣ ба долларро коҳиш доданист

Гуфтушунидҳо бобати аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дастрас кардани воситаҳои қарзии Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА феълан дар арафаи анҷомёбианд. Аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷониби Чин изҳор доштааст, ки ҷудо кардани ин миқдор маблағ барои ин бонк ҳеҷ мушкилие надорад. «Гуфтушунид идома дорад, […]

Пайрав Чоршанбиев



Гуфтушунидҳо бобати аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дастрас кардани воситаҳои қарзии Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА феълан дар арафаи анҷомёбианд.

Аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷониби Чин изҳор доштааст, ки ҷудо кардани ин миқдор маблағ барои ин бонк ҳеҷ мушкилие надорад. «Гуфтушунид идома дорад, баъзе муқаррароти техникӣ, меъёрҳои фоиз, муҳлати мушаххаси пардохти қарз, давраи имтиёзнок мувофиқа мешавад ва дар ҷараёни гуфтушуниди наздиктарин масъала пурра ҳаллу фасл хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Дар Бонки миллӣ қайд карданд, ки ин воситаҳо ба қарзи берунии Тоҷикистон «ҳеҷ муносибате» надошта, бо кафолати давлат гирифта намешавад.

Таъкид шуд, ки муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чинро БМТ бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) ба роҳ монданист. «Воситаҳо қисм-қисм дар сурати зарурат дастрас карда мешаванд», – гуфтанд дар бонк.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи аслии ҷалби қарзи Чин коҳиши сатҳи вобастагии Тоҷикистон аз доллар аст. «Пас аз дастрас шудани ин воситаҳо миёнаравии доллар ҳангоми воридоти маҳсулоти истеҳсоли Чин ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Соҳибкорони мо, ки аз Чин маҳсулот ворид мекунанд, метавонанд воситаҳои худро бо арзи миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, онро бо қурби муқарраршудаи юан дар Чин дастрас намоянд», – гуфт манбаъ ва қайд кард, ки «асосан соҳибкорони машғул ба воридот ба асъори амрикоӣ ниёз доранд».

Дар Бонки миллӣ ҳамчунин таъкид доштанд, ки барои коҳиши сатҳи вобастагии Тоҷикистон аз доллари ИМА, ба имзо расонидани чунин қарордодҳо бо бонкҳои кишварҳои дигар низ дар назар аст, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шуморида мешаванд.

Қаблан раҳбарияти Бонки киллӣ изҳор дошта буд, ки барои дастгирии қурби арзи миллӣ

воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист.

«Ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст», – изҳор намуда буд раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии ахири моҳи июл.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.