Духтари тоҷик дар феҳристи зеботарин духтарони лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty

Духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева ба феҳристи зеботарин духтарони лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид. Акси яке аз зеботарин духтарони шаҳри Душанберо муаллифи лоиҳаи The Atlas of Beauty, аксбардор аз Руминия Михаэла Норок 17 соат қабл дар сомонаи лоиҳа гузошта ва дар ин муддат мунира Мирзоева ба 90 овоз соҳиб шудааст. […]

ASIA-Plus



Духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева ба феҳристи зеботарин духтарони лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид.

Акси яке аз зеботарин духтарони шаҳри Душанберо муаллифи лоиҳаи The Atlas of Beauty, аксбардор аз Руминия Михаэла Норок 17 соат қабл дар сомонаи лоиҳа гузошта ва дар ин муддат мунира Мирзоева ба 90 овоз соҳиб шудааст.

«Зебоӣ гуногуншаклиро ифода мекунад. Аз нигоҳи ман зебоӣ маънои нигаҳдории сарчашмаи оғоз ва фарҳанги худро дорад. Барои самимиву табиӣ ва ҳақиқӣ будан, аз ҷумла аз пушти мӯд давидану ҳатман хароб будан зарур нест», – қайд мекунад дар Норок дар сомонаи

лоиҳаи худ.

Ин акси зебодухтари гулпарваи тоҷик аллакай муддати ду рӯз аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook сайр дошта, садҳо нафар ба он «лайк» мегузоранд.

Аммо худи Мунираи 19-сола, ки дар бахши кабудизоркунии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кор мекунад, аз ситоиши зебоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан хабар надорад. Дар суҳбат ба

радиои Озодӣ

Мунира гуфтааст, ӯ ноновари аслии хонаводаи 7-нафарааш аст ва тамоми рӯзаш ба ороишу гулгашту хиёбонҳои Душанбе сипарӣ мешавад.

Вай изҳор доштааст, ки фарзанди бузурги хонадон аст ва 4 бародари дигар дорад. Шароити бади молии хонавода ӯро гулпарвар кардааст.  Мунира мегӯяд, нонашро бо арақи ҷабин ҳалол мекунад, вале аз ин машғулияташ ифтихор дорад.

Мунира ҳам баъди хатми мактаби миёна мисли ҳазорҳо духтарони дигари тоҷик орзуи идомаи таҳсилро дошта, мехост, табиб шавад. Аммо шароити молӣ чунин имкониятро надод. «Ҳоло зиёд озурда ё нороҳат нестам, чунки «ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпа дароз кунад», – гуфтааст ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.