«Мубориза»-и раиси пойтахт бо сарулибоси бегона барои тоҷикон

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 август дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои аҳолии шаҳр, вакилони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, ки аз пойтахт интихоб шудаанд, вакилони маҷлиси шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони марказҳои бузурги савдои пойтахт, имом-хатибони масҷидҳо машварати васеи корӣ баргузор намуд. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 август дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои аҳолии шаҳр, вакилони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, ки аз пойтахт интихоб шудаанд, вакилони маҷлиси шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони марказҳои бузурги савдои пойтахт, имом-хатибони масҷидҳо машварати васеи корӣ баргузор намуд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳозирини маҷлис оид ба мушкилоти шаҳр, масоили мавриди таваҷҷуҳи сокинон, мушкилоти рушди саноат, вазъи санитарӣ, таъмири роҳҳо ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ошкоро фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи пешгирии зуҳури ифротгароии динӣ ва терроризми байнулмилалӣ ҷалб намуда, аз ҳамаи сокинони шаҳр даъват кард, ки нисбати ин масъалаҳо бетараф набошанд ва қарзи шаҳрвандии худро ба иҷро расонанд.

Қайд шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш додааст, ки ба воридот ва фурӯши сарулибоси бегона барои тоҷикон дар Душанбе хотима бахшида шавад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт ба директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр дастур додааст, ки ба масоили беҳбуди сатҳи дониши толибилмон ва тарбияи ватандӯстии насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.