Раёсати БДА ба пиёдагарди намунавӣ ҳам озмун эълон мекунад

Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ санаи 7-уми сентябри соли 2015, дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Пиёдагарди намунавӣ» баргузор менамояд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, озмун бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар дар […]

ASIA-Plus



Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ санаи 7-уми сентябри соли 2015, дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Пиёдагарди намунавӣ» баргузор менамояд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, озмун бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таҷрибаи гаштугузори бехатари пиёдагардон дар ҷараёни ҳаракат дар роҳ, такмили шаклу усулҳои таблиғот оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани мавқеи пиёдагардон, ҳамчун иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад.

Даври якум бевосита дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе то санаи 3-юми сентябри соли 2015 гузаронида мешавад.

Даври дуюм санаи 7 сентябри соли 2015, соати 9.00 бо иштироки 5 нафар ғолибони даври якум дар Автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунови ш.Душанбе доир мегардад.

Шумораи иштирокчиён барои даври якум бе маҳдуд буда, тамоми хоҳишмандон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Дар озмун ба иштирокчиёне, бартарӣ дода мешавад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нағз донанд, дар ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ саҳм дошта бошанд.

Барои ғолибони озмун 5 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қабл аз ин Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон барои ронандагони воситаҳои нақлиёти кишвар

озмуни «Ронандаи намунавӣ»

низ эълон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.