Тоҷикистону Туркманистон мавқеи ҳамсони кишварҳоро дар бисёр масоил таъкид доштанд

Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон имрӯз мулоқоти хоссаи ӯ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот президенти Туркманистон таъкид дошт: “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон имрӯз мулоқоти хоссаи ӯ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот президенти Туркманистон таъкид дошт: “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд”. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат ва илму фарҳанг баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистонро доир ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим номида, таъкид дошт, ки чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ.

Изҳори бовар карда шуд, ки мулоқоти музокироти имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, телевизиону радио, китобдорӣ ва ғайра дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.