Пас аз таътили тобистона имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи нахусти Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд ки дар он лоиҳаи нави аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Кодекси меҳнати ҶТ баррасӣ шуд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ» низ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба қавли ӯ, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» низ баррасӣ шуданд.
«Ҳамаи лоиҳа ва тағийроту илова ба қонунҳое, ки дар ҷаласаи Шӯрои баррасӣ шуданд, барои таҳлилу омӯзиш ба кумитаҳои дахлдор ирсол гардиданд», – афзуд номбурда.



