Bloomberg: Аз беқурбшавии рублу юан Тоҷикистон осеб мебинад

Хабаргузории амрикоии Bloomberg менависад, ки аз мушкилот бо поинравии қурби рубли русӣ ва юани чинӣ, аз ҳама бештар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиё осеб дида метавонанд. «Дар ҳоле ки соли гузашта Озарбойҷон ва Гурҷистон қурбҳои мубодиваии худро танзим карданд, кишварҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Тоҷикистон, Молдова, Муғулистон ва Нигерия дар гурӯҳи хавф боқӣ мемонанд», […]

ASIA-Plus



Хабаргузории амрикоии


Bloomberg


менависад, ки аз мушкилот бо поинравии қурби рубли русӣ ва юани чинӣ, аз ҳама бештар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиё осеб дида метавонанд.

«Дар ҳоле ки соли гузашта Озарбойҷон ва Гурҷистон қурбҳои мубодиваии худро танзим карданд, кишварҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Тоҷикистон, Молдова, Муғулистон ва Нигерия дар гурӯҳи хавф боқӣ мемонанд», – чунин мешуморанд коршиносони нашрия.

Гуфта мешавад, Қазоқистон ба беқурбшавии танга имкон дода, Ветнам бошад, имсол аллакай маротибаи сеюм аст, ки пас аз беқурбшавии юан ба коҳиши арзиши донг роҳ медиҳад.

Коршинос Илан Солот бар ин назар аст, ки тақсимот бахусус нисбати кишварҳое меафзояд, ки содиркунадаи ашёи хоманд ва бо Русия робитаҳои тиҷоратӣ доранд.

Мебояд гуфт, бар асари беқурбшавии беҳад зиёди рубли русӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА дар бозор

тақрибан 20 коҳиш ёфт.

Ахири моҳи июл

мавҷи навбатии беқурбшавии сомонӣ нисбати доллари ИМА

шурӯъ шуд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати аввал яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА–и нақдро ба якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбати долл. ИМА нисбат доданд.

Дар ҳамин ҳол,

коршиносони байнулмилалӣ бар ин назаранд

, ки мисоли поинравии бесобиқаи қурби арзи миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки иқтисоди хурди кушода ба дар як сатҳ сабт кардани асъори худ қодир нест.

Муаллифони гузориши навбатии интишоршудаи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) «Гузориши иқтисодии Тоҷикистон» чунин мешуморанд, ки «сомонӣ нисбати доллар беқурб нашудааст, балки доллари ИМА нисбати сомонӣ ва дигар асъор дар ҷаҳон гарон шуд». Онҳо зикр мекунанд, ки ба туфайли афзоиши нисбатан пурзӯри иқтисоди ИМА, коҳиши барномаи «сабуксозии шуморӣ» ва баргузории муборизахои асъорӣ, арзи миллии амрикоӣ тайи солҳои ахир хеле мустаҳкам шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.