Дархости тарҷумаи сомонаи ХФМ ба забони тоҷикӣ



Ба роҳбари Хадамоти федралии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия Константин Ромодановский пешниҳод шудааст, ки тарҳи тоҷикӣ ва ӯзбекии сомонаи расмии ин ниҳод низ тарҷума ва таҳия гардад.

Бино ба

маълумоти

нашрияи «Известия», роҳбари ташкилоти ҷамъиятии  «Кишвари бидуни нажодпарастӣ ва бегонапарастӣ» ва узви лоиҳаи «Перспектива»-и Русия Баҳром Исмоилов бо чунин пешниҳод ба роҳбари ХФМ Русия муроҷиат кардааст.

Дар номаи Исмоилов ба ин ниҳод зикр шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ забони русиро ба қадри кофӣ намедонанд, то ки аз тамоми маълумот дар ин сомона пурра огаҳӣ дошта бошанд, аз ин рӯ, беихтиёр ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд.

Аз ХФМ ба ин дархост посух додаанд, ки «дар доираи қарордоди давлатӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастгирии сомонаи расмии интернетии ХФМ Русия» таҳияи сомона бо забони англисӣ пешбинӣ шуда, 1 декабри соли равон анҷоми корҳо дар ин самт дар назар аст, вале таҳияи сомона ба забонҳои тоҷкиву ӯзбекӣ, масъалаи бисёраҳлӯ буда, маблағгузории иловагиро талаб мекунад».

spot_imgspot_img

Популярное