Кумаки ҲХДТ ба беш аз 15 ҳазор навраси тоҷикистонӣ барои тайёрӣ ба мактаб

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявии хайрияи «Роҳ сӯи даргоҳи дониш»-ро барпо мекунад. Котиби матбуотии ХҲДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин аксия тамоми бахшҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ибтидоии ҳизб ба кӯдакони ятим, наврасони имконоташон маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат барои тайёрӣ ба таҳсил дар соли […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявии хайрияи «Роҳ сӯи даргоҳи дониш»-ро барпо мекунад.

Котиби матбуотии ХҲДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин аксия тамоми бахшҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ибтидоии ҳизб ба кӯдакони ятим, наврасони имконоташон маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат барои тайёрӣ ба таҳсил дар соли нави хониш кумак мекунанд.

«Дар чаҳорчӯби иқдоми мазкур дар саросари ҷумҳурӣ ба ин гуна кӯдакон сарулибоси мактабӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар асбобу лавозимоти хониш тақдим карда мешавад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин аксия беш аз 15 ҳазор нафар толибилмон дар саросари ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳудуди 40%-и аъзои ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳарду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.