Писари собиқ вазири энергетика Гул Шералӣ барои қонуншиканӣ ҷарима пардохт

Диловар Шералиев, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳу тира кардан (тонировка)-и шишаҳои автомобил ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ахири даҳаи аввали моҳи август дар ҷараёни рейди кормадони Раёсати БДА дар қаламрави шаҳри […]

Аваз Юлдошев



Диловар Шералиев, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳу тира кардан (тонировка)-и шишаҳои автомобил ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ахири даҳаи аввали моҳи август дар ҷараёни рейди кормадони Раёсати БДА дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи Д.Шералиев боздошт шудааст.

«Шишаи пеши автомашинаи Д.Шералиев пурра сиёҳу тира шуда буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки мутобиқи қонун, сиёҳу тира кардани ҳамагӣ 20 сантиметр аз ҳаҷми умумӣ иҷозат дода шудааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, баъди ин автомашина ба майдони ҷаримагоҳи БДА оварда шуда, баъди як соат гунаҳкор дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт ва таҳти баёноти хаттӣ дар бораи баратараф кардани камбудиҳо дар масъалаи сиёҳу тира кардани шишаҳои автомашина, воситаи нақлиёташро гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти чанде аз ВАО дар бораи

барои майдаавбошӣ ба ҳабс гирифта шудани

писари собиқ вазири энергетикаро манбаъ рад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.