Коршинос: Беқурбшавии танга бозори асъори Тоҷикистонро ноором карда метавонад

Поинравии босуръати қурби арзи миллии қазоқӣ (танга), ки аз рӯзи 20 август қурбаш озод шуд, дар бозори асъори Тоҷикистон як қадр нооромӣ ба вуҷуд овард. Аксари нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бо баҳонаи мавҷуд набудани асъори амрикоӣ бо сабабҳои номуайяне аз фурӯши доллар худдорӣ мекунанд. Долларро метавон танҳо дар баъзе нуқтаҳо дастрас намуд, вале бо […]

Пайрав Чоршанбиев



Поинравии босуръати қурби арзи миллии қазоқӣ (танга), ки аз рӯзи 20 август қурбаш озод шуд, дар бозори асъори Тоҷикистон як қадр нооромӣ ба вуҷуд овард.

Аксари нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бо баҳонаи мавҷуд набудани асъори амрикоӣ бо сабабҳои номуайяне аз фурӯши доллар худдорӣ мекунанд. Долларро метавон танҳо дар баъзе нуқтаҳо дастрас намуд, вале бо қурби баландтар, ки барои 1 доллар то 6,85 сомонӣ мепурсанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқарраршуда – 6,52-6,54 сомонӣ барои 1 доллар бетағйир боқӣ мондааст.

Таъсири имконпазири вазъи мавҷуда атрофи тангаи Қазоқистон ба бозори асъори Тоҷикистонро дар Бонки миллӣ алҳол шарҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодшинос Нозим Эшонқулов бар ин назар аст, ки дар партави беқурбшавии асъор дар кишварҳои ҳамсоя, устувории сомониро интизор набояд шуд.

Гузашта аз ин, қайд кард ӯ, аз замони беқурбшавии босуръати сомонӣ дар аввали сол, омилҳои фишори дохилӣ низ тағйир наёфтаанд. «Интиқоли маблағҳои пулӣ коҳиш меёбад, нишондиҳандаҳои содирот, сармоягузорӣ ва захираҳои асъори Бонки миллӣ низ ҳамин гуна чандон назаррас нестанд ва илова ба омилҳои дохилӣ, боз омилҳои беруна низ зам шуда, беқурбшавии идомадоштаи рубл, юан ва баъди онҳо танга, сом ва рубли белорусӣ бозори асъори Тоҷикистонро ноором карда метавонанд», – гуфт Эшонқулов.

Ӯ таъкид дошт, ки ин гуна вазъ моҳи феврали соли 2009 низ ба мушоҳида расида, он замон танга дар як рӯз 18% беқурб шуда буд, ки маҳз аз поинравии қурби асъори қазоқӣ миёни аҳолӣ нооромӣ ба вуҷуд омада, ба поинравиии босуръати қурби сомонӣ дар рӯзи минбаъда боис гардида буд.

«Он замон Бонки миллӣ дар бораи ҷой надоштани сабабҳои бунёдӣ барои беқурбшавӣ изҳорот пахш намуда буд, то ки вазъро ба эътидол орад, аммо имрӯз хомӯширо ихтиёр намудани БМТ дар чунин замони нооромӣ, боиси тааҷҷуб аст», – иброз дошт коршинос.

Ба андешаи ӯ, ҳарчанд дар кишвар биржаи асъори амалкунанда вуҷуд надошта бошад ҳам, аксари соҳибкорон дурнамои минбаъдаи сомониро интизоранд.

«Агар минбаъд низ БМТ хомӯширо пеша кунад, ин метавонад ба нооромӣ миёни аҳолӣ оварда расонад, соҳибкорон бошанд, маҷбур мешаванд, ки ё фурӯшро боздоранд ва ё нархро боло баранд, то ки худро аз талафот бар асари болоравии қурб эмин нигоҳ доранд. Нуқтаҳои мубодилаи асъор низ бо мунтазир шудани нишондиҳандаҳои нави қурб айнан ҳамин гуна рафтор мекунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи тасмими ҳукумати Қазоқистон оид ба роҳандозии сиёсати нави молиявӣ ва қурби озоди пули миллӣ аз 20 август, қурби арзи миллии Қазоқистон нисбати доллар босуръат поин рафт. Субҳи рӯзи панҷшанбе (20 август) арзиши як доллар 188 тангаро ташкил медод, аммо давоми рӯз қурби пули миллӣ ба 255 танга барои як доллар баробар шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.