ҲХДТ ва ҲНИТ дар пайи ислоҳи камбудиҳои ошкоркардаи хадамоти оташнишонӣ

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоркардаи хадамоти оташнишонӣ дар дафтари кории ҳизб, воқеъ дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» шурӯъ кард. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми камбудиву эродҳои хадамоти оташнишонӣ имрӯз бартараф карда мешаванд. «То пагоҳ ҳатман баратараф мешавад. Якчанд ҳуҷраҳои дафтари кории ҳизб муҳр зада […]

ASIA-Plus



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоркардаи хадамоти оташнишонӣ дар дафтари кории ҳизб, воқеъ дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» шурӯъ кард.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми камбудиву эродҳои хадамоти оташнишонӣ имрӯз бартараф карда мешаванд. «То пагоҳ ҳатман баратараф мешавад. Якчанд ҳуҷраҳои дафтари кории ҳизб муҳр зада нашудаанд ва мо дар онҳо кор карда истодаем», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, онҳо ба унвони Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ мактуби кафолатнок ирсол намуда, уҳдадор шудаанд, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф мекунанд. «Барои мо якчанд ҳуҷраро боз карданд ва ҳозир мо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо чораҷӯӣ мекунем», – гуфт ӯ.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон ҲНИТ дар дафтари кории худ оид ба омодагӣ ба анҷумани навбатии рӯзи 15 сентябр фаъолона кор мекунад. «Тибқи маълумоти пешакӣ, дар кори ин анҷуман ҳудуди 500 нафар вакилон ва меҳмонон ширкат меварзанд», – афзуд номбурда.

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала гуфт, дафтари кории ҲСДТ умуман муҳр зада нашудааст, зеро он бе ин ҳам баста буда, раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар шаҳри Маскав аст ва каиди дафтари корӣ низ дар дасти ӯст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хадамоти оташнишонӣ дар дафтари кории ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон оид ба риояи қоидаҳои пешгирии сӯхтор санҷиш гузаронида,

дар дафтари кории се ҳизб камбудиҳои ҷиддӣ

дар ин самт ошкор шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.