Кӯлоб: Се ноболиғ зери чархи автомашина монданд

Рӯзи 19 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи Нонбойи-Поён бехтарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғон: духтарчаи 1-сола, писарчаи 5-сола ва ҷавони 15-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 19 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи Нонбойи-Поён бехтарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғон: духтарчаи 1-сола, писарчаи 5-сола ва ҷавони 15-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлобро пахш намудааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷа ҷавони 15-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона мунтақил шудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Пиёдагардони хурдсоли дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин санаи 20 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур зани 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.