Ифтитоҳи намояндагии Омбудсмени Тоҷикистон дар Свердловск

Тибқи  нақшаи  кори мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-19-уми августи соли ҷорӣ сафари кории Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, мақсади асосии сафари корӣ ифтитоҳи Намояндагии Ваколатдор оид ба […]

ASIA-Plus



Тибқи  нақшаи  кори мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-19-уми августи соли ҷорӣ сафари кории Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, мақсади асосии сафари корӣ ифтитоҳи Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин шаҳр буд. Ҳадаф аз таъсис додани Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин вилоят ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин  З.Ализода дар кори Мизи мудаввар оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо иштирок ва суханронӣ намуд. Дар чорабинии мазкур Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шабозов Иқболшо  муаррифӣ гардида, ҳозирин барои мусоидат намудан ба фаъолияти ў изҳори омодагӣ намуданд.

Зимни сафар дидору мулоқоти З.Ализода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск хонум Т.Мерзлякова, муовини Раиси ҳукумати ин вилоят Силин Я.П., роҳбарони диаспораи тоҷикони муқими ин вилоят ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.