Бонки миллӣ ба мутахассисони варзида ниёз дорад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тариқи озмун мутахассисони варзидаро ба кор қабул мекунад. Дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла дар Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тариқи озмун мутахассисони варзидаро ба кор қабул мекунад.

Дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла дар Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ, Шуъбаи ҳуқуқ, Бахши харид Озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар Озмун мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ, иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, ҳисобдорӣ, аудит, омор, ҳуқуқ, инчунин хатмкардагони мактабҳои олӣ бо ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Муносибатҳои байналхалқӣ”, “Ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Барномасозӣ”, ки забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русиро хуб медонанд, даъват карда мешаванд.

Маълумоти муфассал оид ба номгӯи вазифаҳои холӣ рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи бонк – www.nbt.tj нашр мешавад.

Қаблан БМТ дар бораи 

ихтисори 200 нафар кормандонаш

 бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк хабар дода буд.

Тағйирот дар фаъолияти БМТ баъди сари мансаб омадани раҳбарияти нави бонк шурӯъ шуд. Он замон раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов ва ҳамаи муовинони ӯ аз мансаб сабукдӯш гардида, собиқ раиси «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ, собиқи муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиевмуовини аввали раиси БМТ таъин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.