Дархости тарҷумаи сомонаи ХФМ ба забони тоҷикӣ

Ба роҳбари Хадамоти федралии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия Константин Ромодановский пешниҳод шудааст, ки тарҳи тоҷикӣ ва ӯзбекии сомонаи расмии ин ниҳод низ тарҷума ва таҳия гардад. Бино ба маълумоти нашрияи «Известия», роҳбари ташкилоти ҷамъиятии  «Кишвари бидуни нажодпарастӣ ва бегонапарастӣ» ва узви лоиҳаи «Перспектива»-и Русия Баҳром Исмоилов бо чунин пешниҳод ба роҳбари ХФМ Русия муроҷиат кардааст. Дар […]

ASIA-Plus



Ба роҳбари Хадамоти федралии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия Константин Ромодановский пешниҳод шудааст, ки тарҳи тоҷикӣ ва ӯзбекии сомонаи расмии ин ниҳод низ тарҷума ва таҳия гардад.

Бино ба

маълумоти

нашрияи «Известия», роҳбари ташкилоти ҷамъиятии  «Кишвари бидуни нажодпарастӣ ва бегонапарастӣ» ва узви лоиҳаи «Перспектива»-и Русия Баҳром Исмоилов бо чунин пешниҳод ба роҳбари ХФМ Русия муроҷиат кардааст.

Дар номаи Исмоилов ба ин ниҳод зикр шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ забони русиро ба қадри кофӣ намедонанд, то ки аз тамоми маълумот дар ин сомона пурра огаҳӣ дошта бошанд, аз ин рӯ, беихтиёр ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд.

Аз ХФМ ба ин дархост посух додаанд, ки «дар доираи қарордоди давлатӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастгирии сомонаи расмии интернетии ХФМ Русия» таҳияи сомона бо забони англисӣ пешбинӣ шуда, 1 декабри соли равон анҷоми корҳо дар ин самт дар назар аст, вале таҳияи сомона ба забонҳои тоҷкиву ӯзбекӣ, масъалаи бисёраҳлӯ буда, маблағгузории иловагиро талаб мекунад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.