Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 20 август дар майдони ёдгории шаҳри Ашхобод бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми туркман ба муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа ва қурбониёни заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “оташи абадӣ” гулчанбар гузошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.
Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф овард. Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.
Дар шаҳри Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки олимпӣ бо маҷмааи замонавии варзишӣ аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар Туркманистон бозиҳои панҷуми осиёӣ доир мегардад ва маҷмааи варзишӣ макони асосии баргузории ин чорабиниҳо хоҳад гашт.
Бегоҳии рӯзи 20 – уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули расмӣ аз шаҳри Ашхободи Туркманистон ба Ватан баргашт.



