Корманди милисаи фурудгоҳи Душанбе аз тири силоҳи ҳамкораш ҳалок шуд

Бепарвоӣ ва эҳтиётро фаромӯш кардан дар муносибат бо силоҳи оташфишон ба марги як корманди милиса дар фурудгоҳи Душанбе боис гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 19 август дар шуъбаи милисаи назди фурудгоҳ рух додааст. Бино ба гуфтаи манбаъ, ду корманди милисаи ин шуъба бо таппончаҳои […]

Аваз Юлдошев



Бепарвоӣ ва эҳтиётро фаромӯш кардан дар муносибат бо силоҳи оташфишон ба марги як корманди милиса дар фурудгоҳи Душанбе боис гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 19 август дар шуъбаи милисаи назди фурудгоҳ рух додааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ду корманди милисаи ин шуъба бо таппончаҳои Макарови худ бо ҳам шӯхиву бозӣ карда, ногаҳон аз яке аз онҳо тир холӣ шудааст. Аз захми тир лейтенанти милиса Элдар Носирови 21-сола дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 20 август ҷасади корманди милдисаи ҳалокшуда дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Наримон Носиров, падари милисаи ҳалокшуда, яке аз кормандони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ буда, айни замон ба ҳайси сардори Осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Ромит фаъолият мекунад.

Як манбаъи «Азия-Плюс» дар ВКД ин хабарро тасдиқ намуда, вале аз шарҳи ҷузъиёти масъала худдорӣ варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.