Ҳуҷраҳои кории чанде аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон муҳр зада шуд

Аз ҷониби гурӯҳи кории созмондодашудаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯши сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ нисбати беш аз 186 иншооту биноҳои давлатию хусусӣ ва дигар сохтмонҳои хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ-профилактикӣ амалӣ гардонида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, зимни […]

ASIA-Plus



Аз ҷониби гурӯҳи кории созмондодашудаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯши сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ нисбати беш аз 186 иншооту биноҳои давлатию хусусӣ ва дигар сохтмонҳои хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ-профилактикӣ амалӣ гардонида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, зимни ин чорабиниҳо, ҳамчунин ҳуҷраҳои кории ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, воқеъ дар бинои «Кохи Ваҳдат», Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар бинои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кӯчаи Борбад ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Дар рафти санҷишҳо маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда муҷҷаҳаз гардонида нашудааст, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ду ҳуҷраи корӣ ба Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ нестанд.

Ҳуҷраҳои кории Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бошад, бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашуда, бо системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда муҷҷаҳаз нестанд.

Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва биноҳои ёрирасони қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо системаи воқифкунанда таҷҳизонида нашудааст, сипари оташнишонӣ бо воситаву асбобҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ пурра таъмин карда нашудааст, конструксияҳои аз чӯб сохташудаи биноҳо бо маҳлули кимиёвии аз сӯхтор муҳофизаткунанда коркард нашудааст, манбаҳои обии оташнишонӣ мавҷуд нест, ноқилҳои барқии биноҳои нашрияи қароргоҳ ва дигар биноҳо бар хилофи талаботи Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ гузаронида шуда, аз санҷишҳои муқовимати барқӣ нагузаштааст.   

Мавриди зикр аст, ки дар бинои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон санаи 23 октябри соли 2010 ҳодисаи сӯхтор ба амал омада буд, ки сабаби сар задани он расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ буд.

Инчунин, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ҳуҷраҳои кории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба Қоидаҳои сохти дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ набуда, ба истифодаи фурӯзонакҳои тафсон роҳ дода шудааст.

Дар натиҷаи санҷишҳо, барои роҳ додан ба камбудию норасогиҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳуҷраҳои кории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шудаанд.

Бо масъулини ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди риоя намудани қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбатҳо гузаронида шуда, дастурҳои дахлдор ироа карда шуданд.

Ҳамин тариқ, гурӯҳи корӣ дигар корхонаю иншоотҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла ҶДММ «Бозори Корвон», КВД «Бозори Шоҳмансур», ҶДММ «Умед-88», ҶДММ «Нефтемаркетинг Восток», КВД «Бозори Саховат», бозори Якка-Чинор, марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», «Душанбе-Шанхай», бозори «Варзоб», КВД «Бозори Деҳқон», бозорҳои «Шому Саҳар», «Авиатор», 102, 103, «Зарафшон», «Қарияи Боло», маркази савдои «Фаровон» ва дигар иншоотҳои хоҷагии халқро аз санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор гузарониданд.

Ҳангоми гузаронидани ин чорабиниҳои профилактикӣ дар иншоотҳои санҷидашуда, як қатор камбудию норасогиҳо ошкор гардиданд, ки ба унвони роҳбарони онҳо оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта амрнома ва санадҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод гардиданд. Тибқи натиҷаи санҷиш фаъолияти 30 ҳуҷраи алоҳида муввақатан боздошта шуда, 65 адад нуқтаҳои носози қувваи барқ, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд, безарар гардонида шуданд.

Дар баробари ин, барои иҷро ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 43 нафар шаҳрвандон бо моддаи 473-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо масъулони корхонаю муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ дар самти бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.