Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Голландия дар Душанбе

Дар доираи сафари ҳайати тиҷоратӣ иборат аз соҳибкорони муваффақи Шоҳигарии Нидерланд ба Тоҷикистон рӯзи 1 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Голландия доир мегардад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳамоиш бо ташаббуси Палатаи мазкур ва сафорати Голландия дар Алмаато (Қазоқистон) бо дастгирии ҳукумати […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари ҳайати тиҷоратӣ иборат аз соҳибкорони муваффақи Шоҳигарии Нидерланд ба Тоҷикистон рӯзи 1 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Голландия доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳамоиш бо ташаббуси Палатаи мазкур ва сафорати Голландия дар Алмаато (Қазоқистон) бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳадафи аслии чорабинӣ рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Голландия дар бахшҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла, чорводорӣ, истеҳсоли шир, паррандапарварӣ, сабзавоткорӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (гармхонаҳо), ба Тоҷикистон ворид намудани технологияҳои муосири ин соҳа, ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши кишоварзӣ, дарёфти шарикони имконпазири тиҷоратӣ, имзои қарордодҳои тиҷоратӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ унвон мешавад.

Гуфта мешавад, дар кори ҳамоиши тиҷоратӣ ҳамчунин намояндагони Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки қарздиҳӣ ва рушди Олмон (KFW) ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ низ ширкат меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.