Нозирони Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус



Бо даъвати Кумитаи иҷроияи ИДМ ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки санаи 11 октябри соли равон доир мегардад, ба ҳайси нозирон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ва роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба ҳайси нозирон дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Беларус ҳузур хоҳанд дошт. Ба ҳайати миссияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ шомил гардидани намояндагони Тоҷикистон низ аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, муҳлати ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба мансаби президенти Беларуси рӯзи ҷумъа, 21 август ба итмом расида, намояндагони гурӯҳҳои ташаббускори президенти амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ Сергей Гайдукевич, намояндагони ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич, иқтисодчӣ Виктор Терешенко ва раиси Ҳизби ватанхоҳи Беларус Николай Улахович дар бораи ҷамъоварии 100 ҳазор имзои зарурӣ маълумот додаанд.

Аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Беларус 10 сентябр ба қайд гирифтани номазадҳо ба президентӣ дар назар аст. Интихоботи президенти Ҷумҳурии Белорус 11 октябри ҳамин сол доир мегардад.

Сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко айни замон ягона президенти Беларус ба шумор меравад. Ӯ дар маъракаҳои интихоботии солҳои 1994, 2001-ум, 2006-ум ва 2010-ум сарвари ин давлат интихоб шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное