Муҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати ситоди мураббиёни «Ордабас»-и Қазоқистон

Сармураббии собиқи мунтахаби миллии Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми худ барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), даъвати ӯ ба ин бошгоҳ баъди ба вазифаи сармураббии «Ордабаси» таъин шудани Бахтиёр Байсеитов сурат гирифтааст, ки чанд рӯзи пеш дар ин симат Виктор Кумиковро иваз карда […]

ASIA-Plus



Сармураббии собиқи мунтахаби миллии Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми худ барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), даъвати ӯ ба ин бошгоҳ баъди ба вазифаи сармураббии «Ордабаси» таъин шудани Бахтиёр Байсеитов сурат гирифтааст, ки чанд рӯзи пеш дар ин симат Виктор Кумиковро иваз карда буд. Айни замон “Ордабаси” дар чемпионати Қазоқистон дар зинаи панҷуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад ва расонаҳои он кишвар мегӯянд, раҳбарияти бошгоҳ дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки бояд ба Ҷоми Аврупо роҳ ёбанд.

Гуфта мешавад, Мӯҳсин Муҳаммадиев ду сол қабл мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазовичро дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз карда буд. Вай соли 2008 дар вазифаи мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон фаъолият кардаст. Бо бошгоҳи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013 қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012 ин қарордод пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.

Зикр мегардад, ки Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми асри гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Маҳаммадиев аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) — 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони чемпиони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 — 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.