Ба мансабдорон худдорӣ аз истифодаи автомашинаҳои хизматиро дастур доданд

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ оид ба сарфакорона ва мувофиқи мақсад истифода шудани воситаҳои буҷет тадбирҳои зарурӣ рӯи кор гиранд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳукумат ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки танзиму назорати хароҷоти воситаҳои буҷети давлатиро […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ оид ба сарфакорона ва мувофиқи мақсад истифода шудани воситаҳои буҷет тадбирҳои зарурӣ рӯи кор гиранд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳукумат ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки танзиму назорати хароҷоти воситаҳои буҷети давлатиро таҳти таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор диҳанд.

Дар протоколи ҷаласаи ҳукумат супориш дода мешавад, ки барои таъмини хароҷоти мақсадноки воситаҳои буҷети давлатӣ ва пешгирии хароҷоти дауюмдараҷа тадриҷан тадбирҳо андешида шаванд. Ҳукумат аз ҷумла истифодаи автомашинаҳои хизматиро ҳам ба хароҷоти дуюмдараҷа мансуб медонад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ уҳдадор шудаанд, ки аз натиҷаи иҷрои ин дастурҳо гузориш диҳанд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, тӯли 7 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии кишвар 8 млрд. 184,5 млн. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Ба истилоҳи дигар, дар ин давра ба буҷет тақрибан 300 млн. сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6 млрд. 161,4 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 664,9 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 12,1% афзудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.