АНМН: Мусодираи ҳудуди 15 кило маводи мухаддир дар ВМКБ

Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ ду ҳодисаи кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, амалиёти якум дар қишлоқи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расид. Кормандони Агентӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуда, аз […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ ду ҳодисаи кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, амалиёти якум дар қишлоқи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расид. Кормандони Агентӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуда, аз ӯ беш аз 2 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира намуданд.

Гуфта мешавад, амалиёти дуюмро кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гузарониданд. Дар ҳудуди қишлоқи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши қочоқи маводи нашъаовар сокини 40-солаи вилояти Бадахшон дастгир гардида, аз ӯ зиёда аз 12 кило ҳашиш мусодира карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.