Пешниҳоди таъсиси иттифоқҳои касабаи алтернативӣ

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов таъсиси иттифоқҳои касабаи алтернативӣ дар кишварро пешниҳод мекунад. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ изҳор намуд, ки қонунгузории ҷумҳурӣ таъсиси чунин иттифоқро манъ накардааст. «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили амалкунанда аз замони соҳибистиқлол шудани кишвар, яъне тӯли қариб 24 соли ахир ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашони […]

Аваз Юлдошев



Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов таъсиси иттифоқҳои касабаи алтернативӣ дар кишварро пешниҳод мекунад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ изҳор намуд, ки қонунгузории ҷумҳурӣ таъсиси чунин иттифоқро манъ накардааст. «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили амалкунанда аз замони соҳибистиқлол шудани кишвар, яъне тӯли қариб 24 соли ахир ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашони кишварро қатъ кард ва ҳарчанд дар номи он калимаи «мустақил» вуҷуд дошта бошад ҳам, комилан аз ҳукуматдорон вобаста аст», – гуфт ӯ.

Сиёсатмадор бар ин назар аст, ки дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ба таври оммавӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон ба мушоҳида мерасад. «Одамон тӯли солҳои зиёд ба рухсатӣ баромада наметавонанд, рӯзи кории онҳо меъёр надорад ва дар кишваре, ки аз тандурустиву маорифи бепули гаравдодашуда тибқи Конститутсия қариб чизе намондааст, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардаанд», – мегӯяд Ҳакимов.

«Замоне, ки тайи ду соли ахир бо супориши ҳукуматдорон ба истилоҳ муоинаи такрории маъюбон гузаронида шуд,, ки барои бисёре аз онҳо таҳқиромез буд ва вақте нафақахӯронро дастаҷамъона ба музди нафақаи ночизе ба «истироҳат» мефиристанд, дар ин ҳолат ҳам иттифоқҳои касабаи мо хомӯширо авло медонанд», – таъкид дошт ӯ.

Ш.Ҳакимов бовар дорад, ки иттифоқҳи касабаи имрӯзаи Тоҷикистон бидуни дастуре аз боло ҳеҷ тасмиме гирифта наметавонанд. «Ҳарҷанд дар бахши ҳимоя аз ҳуқуқҳои коргарон нисбат ба президенту ҳукумат дар якҷоягӣ, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ онҳо аз ваколатҳои зиёдтар бархӯрдор ҳастанд», – афзуд муовини раиси ҲСДТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.