Мақоми 65-уми Тоҷикистон дар рейтинги сармояи инсонӣ

Дар гузориши нави рушди сармояи инсонӣ дар саросари ҷаҳон ( The Human Capital Report 2015 ) Тоҷикистон зинаи 65-умро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар гузориш зикр ёфтаанд, танҳо Молдова (зинаи 71-ум) аз Тоҷикистон поинтар қарор дорад. Гузориш аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати Mercer омода шудаааст. Дар ин таҳқиқоти […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши нави рушди сармояи инсонӣ дар саросари ҷаҳон (


The Human Capital Report 2015


) Тоҷикистон зинаи 65-умро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар гузориш зикр ёфтаанд, танҳо Молдова (зинаи 71-ум) аз Тоҷикистон поинтар қарор дорад.

Гузориш аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати Mercer омода шудаааст. Дар ин таҳқиқоти ҳамасола ба кишварҳо аз рӯи нишондиҳандаи ҳамгиройӣ – шохис (индекс)-и сармояи инсонӣ баҳо дода мешавад. Дар он сатҳи зиндагӣ, саводнокӣ, мизони фарогирӣ ба таълим, дарозумрии аҳолӣ ва ғайра ба инобат гирифта мешавад. Ҳамагӣ 46 нишондиҳанда мавҷуд аст.

Тоҷикистон бо индекси 67,24 балл имсол миёни Чин ва Албания ҷойгир шудааст, ки мутаносибан мақомҳои 64 ва 66-уми рейтингро касб намудаанд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг ҳамчунин Қазоқистону Қирғизистон низ ҳузур доранд, ки зинаҳои 37 ва 44-умро ишғол кардаанд.

Дар феҳристи мазкур Эстония зинаи 16-ум, Латвия – 18, Литва – 23, Русия – 26, Украина – 31, Арманистон – 43 ва Озарбойҷон зинаи 63-умро касб кардаанд.

Кишварҳои пешсафи рейтинг Финландия, Норвегия ва Швейтсрия дониста шуда, Яман, Чад ва Мавритания дар зинаҳои охир қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.