Freedom House Тоҷикистонро давлати авторитарӣ хонд

Созмони байнулмилалии ғайридавлатии Freedom House ё худ Хонаи озодӣ бори навбатӣ Тоҷикистонро ба сафи давлатҳои авторитарӣ (худкома) шомил намуд. Дар гузориши нави Freedom House оид ба рушди демократия дар 29 кишвари собиқ лагери сотсиалистии Аврупо ва Осиёи Марказӣ ( Nations in Transit-2015 ) Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари дигари ИДМ дар феҳристи кишварҳои дорои идоракунии […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ғайридавлатии Freedom House ё худ Хонаи озодӣ бори навбатӣ Тоҷикистонро ба сафи давлатҳои авторитарӣ (худкома) шомил намуд.

Дар гузориши нави Freedom House оид ба рушди демократия дар 29 кишвари собиқ лагери сотсиалистии Аврупо ва Осиёи Марказӣ (

Nations in Transit-2015

) Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари дигари ИДМ дар феҳристи кишварҳои дорои идоракунии авторитарӣ қарор дорад.

Ӯзбекистону Туркманистон ҳар кадоме бо касби 6,93 балл кишварҳои бештар авторитарӣ арзёбӣ шуда, ҷойҳои 28 ва 29-умро ишғол кардаанд. Дар идома Озарбойҷон (6,75), Беларус (6,71) Қазоқистон (6,61) ва Русия (6,46) қарор доранд. Тоҷикистон бо 6,39 балл дар зинаи 23-юми рӯйхати кишварҳои собиқ лагери сотсиалистӣ ҷой гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон (5,93), Арманистон (5,36) ва Косово (5,14) кишварҳои нимаавторитарӣ дониста шуда, Молдова, Македония, Босния ва Герсеговина, ҳамчунин Украина, Гурҷистон ва Албания давлатҳои дорои реҷаи идоракунии дугуна (гибридӣ) арзёбӣ шудаанд.

Черногория, Сербия, Руминия, Хорватия, Булғористон ва Маҷористон (Венгрия) ба сафи кишварҳои нимадемократӣ шомил гардидаанд.

Словения (1,93 балл), Эстония (1,96), Литва (2,07), Лаҳистон (Полша)( 2,21), Латвия (2,36), Чехия (2,21) ва Словакия (2,64) кишарҳои демократӣ унвон шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.