Хабарнигори ТАСС дар Тоҷикистон аз Путин унвон гирифт

Президенти Русия Владимир Путин як гурӯҳ журналистон, аз ҷумла рӯзноманигорони хабаргузории ТАСС-ро бо унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Дар қатори дигар рӯзноманигорон хабарнигори ИТАР ТАСС дар Тоҷикистон Галина Гриднева низ ба унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия» сазовор дониста шуд. Галина Гриднева яке собиқадорони журанлистикаи Русия маҳсуб ёфта, шурӯъ аз соли 1992 аз зумраи хабрнигорони варзидаи […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин як гурӯҳ журналистон, аз ҷумла рӯзноманигорони хабаргузории ТАСС-ро бо унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Дар қатори дигар рӯзноманигорон хабарнигори ИТАР ТАСС дар Тоҷикистон Галина Гриднева низ ба унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия» сазовор дониста шуд.

Галина Гриднева яке собиқадорони журанлистикаи Русия маҳсуб ёфта, шурӯъ аз соли 1992 аз зумраи хабрнигорони варзидаи ИТАР ТАСС дониста мешавад.

Соли 1996 замони даргириҳо дар Тоҷикистон бо фармони президенти Русия Борис Елтсин Галина Гриднева бо Ордени шуҷоати «Барои ҷасорат ва қаҳрамонӣ, ки зимни иҷрои қарзи касбӣ ва шаҳрвандӣ зоҳир шудааст» қадрдонӣ шудааст.

Галина Гриднева ҷоизадори чандин озмунҳои умумирусиягӣ аст. Ӯ аз касбияти баланд бархӯрдор буда, аз равандҳои дохилӣ ва берунии кишвари иқоматаш ба хубӣ огаҳ аст ва саривақту фаврӣ дар ин хусус маълумот медиҳад.

Тайи 15 соли ахир мавзӯи асосии маводи ӯ муносибатҳои Тоҷикистону Русия боқӣ мемонад. Галина Гриднева муддати 15 сол дар ТоҷикТА (феълан АМИТ «Ховар») маҳорати касбӣ азхуд кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.