Зимни чорабиниҳои махсуси кормандони Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳати гузашта ҳудуди 7 ҳазор ҳолатҳои қонуншиканӣ дар роҳҳо ошкор шуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, давоми рӯзҳои 22-23 август дар саросари кишвар 44 далели дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, 26 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбараки автомашина нишастан, 51 далели итоат накардани ронандагон ба талаботи кормнадони милитсия ва 25 ҳолати идораи автомашина бе аломатҳои қайди давлатӣ ошкор шудаанд.
Гуфта мешавад, кормандони БДА 192 ҳолати қонуншиканӣ дар истифодаи шумори автомашинаҳо дар маросисми тӯй ва 7 ҳолати ғайриқонунӣ сиёҳу тира кардани шишаҳои автомашинаро ба қайд гирифтаанд.



