Сафари навбатии генерали воломақоми ИМА ба Тоҷикистон

Фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА Ллойд Остин III рӯзҳои 26-27 август бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷараёни ин сафар генерали воломақоми амрикоиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. «Зимни дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо генерали амрикоӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи […]

Аваз Юлдошев



Фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА Ллойд Остин III рӯзҳои 26-27 август бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷараёни ин сафар генерали воломақоми амрикоиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

«Зимни дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо генерали амрикоӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону ИМА, пеш аз ҳама дар бахшҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ дар назар аст», – қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Ллойд Остин III қаблан низ ба кишвари мо ташриф оварда буд. Сафари ахири ӯ ба Тоҷикистон санаи 30 июли соли 2013 доир гардида буд. Он замон зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар  доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Генерали амрикоӣ нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос карда буд.

Ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯи судманд сурат гирифта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.