Болоравии маошу нафақаи аз ҷониби президент ваъдашуда ба таъхир меафтад



Амалисозии марҳилаи навбатии болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо ва стипендияҳо аз 1 сентябр, ки дар паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр шуда буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, то имрӯз ҳатто лоиҳаи фармони сарвари давлат дар бораи болоравии ҳаҷми пардохтпулиҳо аз ҷониби Вазорати молия омода нашудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, оқибатҳои буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ, буҳрони иқтисоди шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон – Русия ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба ҳукумат ҷиҳати саривақт ба ваъда вафо кардан монеъа эҷод кард.

Қобили зикр аст, ки 

дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри соли 2013 ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар

паёми худ ба парлумон

аз 23 январи соли равон президенти мамлакат

изҳор дошта буд

, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешавад.

Танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз буҷети давлатӣ дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад.

Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро таъмин карда, ҷиҳати истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои он барои амалисозии афзалиятҳои рушди кишвар чораҷӯӣ намояд.

spot_imgspot_img

Популярное