ВКД ному насаби қонуншикани ашаддии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро интишор намуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба  интишори ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷик,  ки чандин маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт риоя накардаанд, идома медиҳад. Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, овозхони эстрада Жанна Шаинян дар автомашинаи шахсии тамғаи «ДЭУ-Ласетти» 54 маротиба ба қоидаҳои […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба

 интишори ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷик, 

ки чандин маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт риоя накардаанд,

идома медиҳад.

Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, овозхони эстрада Жанна Шаинян дар автомашинаи шахсии тамғаи «ДЭУ-Ласетти» 54 маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, то имрӯз ягон маротиба барои онҳо ҷарима насупоридааст.

Ба истилоҳ ашаддитарин вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сокини пойтахт Умедҷон Сироҷев мебошад, ки бо «Рэнҷ-Ровер»-и худ ӯ 187 маротиба ба қонуншиканӣ зимни ҳаракат дар роҳ даст зада, ба маблағи умумии 43 ҳазору 830 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.

Дар идомаи рӯйхат сокини дигари пойтахт Ҷамшед Назаров қарор дорад, ки барои 129 маротиба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо автомашинаи тамғаи «Лексус-RX350» ба маблағи умумии 33 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима супурдааст.

Сокини шаҳри Душанбе Дилшож Ғуломов, ӯ низ бо автомашинаи тамғаи «Лексус-RX350» 129 маротиба ба қонуншиканӣ зимни ҳаракат дар роҳ даст зада, дар маҷмӯъ 29 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.