Посухи Талбаков ба таҳлилгари МТС оид ба аз даст рафтани нуфузи ҲКТ

Муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Маҳбуба Камолова бар ин назар аст, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) обрӯву нуфузи худро аз даст додааст. Зимни шарҳи ҷараёни рушд ва фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар тайи солҳои ахир Камолова дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар» изҳор намудааст, ки интихобкунандагон тасаввуроту дархост ва боварии худро нисбат […]

Пайрав Чоршанбиев



Муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Маҳбуба Камолова бар ин назар аст, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) обрӯву нуфузи худро аз даст додааст.

Зимни шарҳи ҷараёни рушд ва фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар тайи солҳои ахир Камолова

дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар»

изҳор намудааст, ки интихобкунандагон тасаввуроту дархост ва боварии худро нисбат Ҳизби коммунист ва ба барномаи он аз даст додаанд.

«Дар ибтидо интихобкунандагон зери таъсири ҳасрат (носталгия) аз замони шӯравӣ, ба ҳизби коммунист боварӣ ва эътимод доштанд, вале бо гузашти вақт, хусусан баъд аз ба имзорасии сулҳ ва ворид шудани мамлакат ба давраи нав – давраи созандагиву ободкорӣ, ин ҳизб тадриҷан обрӯ ва эътибори худро аз даст дод. Шумораи ҷонибдорону пайравон ва аъзои он ба маротиб кам гардид», – иброз доштааст ӯ.

Дар идома вай қайд кардааст, ки аз як тараф бефаъолиятии худи ҳизб, набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи роҳбарӣ, аз тарафи дигар барои ҷомеа бегона будани таълимоти коммунистӣ боиси он гардид, ки мардум, интихобкунандагон тадриҷан ба ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳамчун ба нерӯи сиёсӣ умеду боварии худро қатъ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков чунин мешуморад, ки чунин «таҳлилгарон»-и навпайдо ҳатто ба посух гуфтан ҳам шоиставу сазовор нестанд.

«Ба ин гуна шахсоне, ки аз таърихи ватани худ огаҳӣ надоранду ба хотири нафъи худ ба бадномкунии як гурӯҳи мукаммали одамон омодаанд, посух гуфтанро зарур намешуморам», – иброз дошт ӯ.

Исмоил Талбаков зикр кард, ки маҳз ба туфайли Ҳизби коммунист бо гузашти қариб ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат шуда, «аз як гӯшаи қафомондаи аморати Бухоро ба ҷумҳурии мутараққӣ табдил ёфт».

Муовини раиси Ҳизби коммунист фармоишӣ будани интишори мусоҳибаи Камолова дар АМИТ «Ховар»-ро аз эҳтимол дур намедонад. «Аммо ҳатто агар ин маводи фармоишӣ бошад ҳам, фармоишгарро лозим буд, ки шахси бештар саводноктареро ҷалб кунад», – қайд кард ӯ.

Ба Камолова муовини раиси Ҳизби коммунист шинос шудан бо таърихи Тоҷикистон «ҳадди ақал тайи 70 соли ахир»-ро тавсия дод.

Дар робита ба натиҷаҳои интихобот дар Тоҷикистон тӯли даҳсолаи ахир ӯ кутоҳакак чунин иброз дошт: «Ба ҳама маълум аст, ки ин интихоботҳо чӣ гуна сурат гирифтанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.