Суғд: Ҳалокати як сарбози Гвардияи миллӣ дар садамаи нақлиёт

Дар қаламрави деҳаи Деҳмойи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 25 август як автомашинаи боркаш ду сарбози Гвардияи миллии Тоҷикистонро, ки канори роҳ мерафтаанд, пахш кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ронандаи автомашина, сокини маҳаллӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сарбозонро бо автомашинааш пахш намудааст. […]

Аваз Юлдошев



Дар қаламрави деҳаи Деҳмойи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 25 август як автомашинаи боркаш ду сарбози Гвардияи миллии Тоҷикистонро, ки канори роҳ мерафтаанд, пахш кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ронандаи автомашина, сокини маҳаллӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сарбозонро бо автомашинааш пахш намудааст.

Аз ҷароҳатҳои гирифта сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода, ки якуним сол қабл ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллӣ даъват шуда буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, сарбози дигар, ки шахсияташ то ҳол маълум нашудааст, бо ҷароҳатҳои сершумор дар шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҷасади сарбози ҳалокшуда имрӯз ба шаҳри Турсунзода интиқол дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.